Чори кардани шиносномахои биометри

Чори кардани шиносномахои биометри
1 февраля 2010

Шуруъ аз 1 –уми февраи соли 2010 шахрвандони ЧТ имкони гирифтани шиносномахои дорои барандаи маълумоти электрони, яъне шиносномахои биометриро пайдо мекунанд. Дар ин бора аз ВКХ-и чумхури ба радиои «Ватан» иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки чори намудани шиносномахои биометрии талаби замон ва талаботи чомеаи чахонист, ки тавассути Ташкилоти байналмилалии авиатсияи граждани тачассум ёфтааст. Соли 2020 дар шахри Орлеани Нав Созишномае ба имзо расид, ки тибки он биометрия хамчун воситаи асосии муайянкунандаи шахсият эътироф шуд. Давлатхои аъзои Созишнома ухдадори гирифтанд, ки дар кишвархояшон то мохи апрели соли 2010 шиосномахои биометриро чори менамоянд. Аз миёни давлатхои Осиёи Маркази туркманистону Казокистон аллакай ба додани шиносномахои биометрии огоз карданд. Тартиби додани шиносномахои биометрии бо коидахои додани шиносномахои хоричи, ки дорои барандаи маълумоти электрони мебошанд ва шаходатномаи бозгашт ба ЧТ ба шахрвандони ЧТ ба танзим дароварда шудааст. Тибки ин хуччат шахрвандон чун пештара харчанд тартиби дохилии ба расмиятдарории он дигар хам бошад, шиносномахои хоричиашонро (биометриро) чи аз Вазорати корхои хоричи ва чи аз Вазорати корхои дохилии чумхури гирифта метавонанд. Озода Раҳмонова, муовини вазири корхои хориҷии Тоҷикистон, хангоми сӯҳбат бо хабарнигорон изхор доштааст, феълан 5 маркази махсуси шиносномадиҳӣ дар пойтахти кишвар ва шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Хоруғ ифтитоҳ шудааст. Арзиши шиносномаи биометрӣ, ба қавли Раҳмонова, аз шиносномаи оддӣ бештар буда, 330 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 75 доллар аст. Нархи шиноснома барои наврасони то 16-сола 25 доллар таъин шудааст.Шиносномаи хориҷии биометрӣ аз шиносномаи маъмулӣ тафовути зиёд надорад. Он аз 48 саҳифа иборат буда, дар баробари акс ва маълумоти хусусӣ ҳамчунин дорои нақши ангуштон, тасвири пардаи чашм ва сабти овози соҳиби он мебошад. Хамчунин гуфт амешавад, ки ин шиносномаҳо ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки ба хориҷа сафар мекунанд. Шиносномахои умумишахрвандии хоричии биометрии ба мухлати 10 сол ва шиносномахои хоричии биометрии дипломатии ва хизмати ба мухлати 5 сол дода мешаванд.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!