ДЕБАТ

ДЕБАТ
23 февраля 2010

Саймиддин Дустов ракибонашро ба мунозира даъват мекунад. Саймиддин Дӯстов номзад ба вакили МНМО аз ҳавзаи рақами Файзобод 11 рақибонаш дар ин ҳавза Акоша Кабиров ва Меъроҷиддин Ҳакимовро ба дебати озоди телевизионӣ даъват кардааст. Г уфта мешавад, номбурда бо пахши як изҳорот бо истифода аз ҳуқуқи истифода бурдан аз қоунугузории кишвар, ки 15 дақиқа вақти телевизионӣ барои пешниҳоди барномаҳои пеш аз интхоботӣ ва муаррифии номзадҳо пешбинӣ кардааст, ҷамъулҷамъ аз се номзад 45 дақиқа барои баргузории дебатҳои телевизионии озод истифода намояд. «Ин дар ҳолест, ки хеле аз номзадҳои дигар аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода аз вақти ройгонҷудошудаашон дар телевизион истифода намекунанд ва ин амали мо метавонад дар рушди демократия ва интихоботҳои шаффоф ва демократӣ дар Тоҷикистон як амали савоб бошад», - изҳор дошт мавсуф. Саймиддин Дӯстов мехоҳад бо ин амал дар интихоботҳои оянда, яке аз ҷузъхои асоситарини интихоботҳои дар кишварҳои ғарбии демократӣ дебатҳои кушодаи телевизиониро ба ҳукми анъана дарорад. Дар ҳамин ҳол ӯ ҷавоби расмии номзадҳо рақибони асосиаш Меъроҷиддин Ҳакимов ва Акоша Кабировро интизор аст.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!