Таркиши гази пропан дар нохияи Айни...

Таркиши гази пропан дар нохияи Айни...
23 июня 2010

Таркиши гази моеъ боиси марги 8 нафар гардид... Дар натичаи таркиши мошини баркаши гази моеъ ки шаби 14 июни соли чори дар 139 –ум километри шохрохи Душанбе-Чанок рух дод 12 нафар чарохати вазнин бардоштанд ва тибки маълумоти сарраёсати хадамотии давлати оташнишонии ВКД-и кишвар то ба имруз 8 нафар аз захмбардоштахо дар беморхона чони худро аз даст доданд. Аз маркази матуботии сарраёсати хадамоти давлатии отшанишонии ВКД-и кишвар ба радиои Ватан иттилоъ доданд ки мошини тамгаи ФАВ, истехсоли давлати Чин ки тахти идораи ронанда Отамурод Гуломови 58 сола карор дошт, аз ухдаи идораи воситаи наклиёти набаромада, бо автомашина ба чуйбори бетонии пахлуи чапи рох ва сипас ба кухи сангин сахт бармехурад. Дар натича таркиши зарфи гази моеъдошта ба амал омада, ронанда ва як нафар мусофири у дар чои ходиса ба халокат мерасанд. Дар натичаи таркиши гази моеъ мошини сабукрави тамгаи Муссо ва мошини боркаши тамгаи КАмаз ва инчунин 3 манзили истикоматии сокинони дехаи Хушекати нохияи Айни вилояти Сугд зарар диданд.

Наверх Назад