Хамла ба хитоихо

Хамла ба хитоихо
20 ноября 2009

Дар шахри душанбе як гурух бо иттихоми хамла ба шахрвандони Чин дастгир шудаанд.Тавре Махмадулло Асадуллоев сухангуи ВКД-и кишвар ба радиои Ватан хабар дод ин нафарон ба шаҳрвандони чинӣ бо ҳадафи ғорат ҳамла карда, бо истифода аз зӯри амволи онҳоро ба ягмо мебурдаанд. Тибқи иттилоъи сухангуи ВКД тафтиш муайян кард, ки ду рӯз қабл ин гурӯҳ ба максади дузди ба маҳалли зисти Ван Бин, шахрванди Чин дар шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор ҳамла кардааст. Маҳмадулло Асадуллоев, афзуд: чун пуле дарёфт накарданд, ҳамлагарон Вин ва хамсарашро лату кӯб карданд, ки дар натиҷа Вин ба беморхона бурда шуд. Махмадулло Асадуллоев хамчунин хабар дод ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ аъзои ин гурӯҳ ба манзили Лю Сяо Бин, шаҳрванди Чин ва мутахассиси корхонаи хишти ноҳияи Ҳисор ворид шуда, бо истифода аз зӯри 750 доллари амрикоиро ба ягмо бурдаанд.

Наверх Назад