Вазорати фарханги Точикистон иштирокчиёни ЧБВ-ро табрик гуфт...

Вазорати фарханги Точикистон иштирокчиёни ЧБВ-ро табрик гуфт...
5 мая 2010

Чорабинии идона ба ифтихори 65-умин ослгарди Галаба дар Чанги дуввуми чахони... Имрўз дар Вазорати фарханги Точикистон ба муносибати Иди 9 май - 65 солагии Рўзи Ѓалаба дар ЧБВ барои иштирокчиёни чангу аќибгох ва чанговарони интернатсионалист, ки дар сохаи фарханг кору фаъолият кардаанд, чорабинии идона баргузор гардид. Хангоми суханронии хеш Вазири фарханг Мирзошохрух Асрори хизматхои онхоро бори дигар ёдрас шуда, махсусан ќайд кард, ки дар инкишофи фарханги точик, таълиму тарбияи кадръхо корхои назаррасеро анчом додаанд. Хамчунин, аз чониби Вазорати фарханг ба 18 нафар иштирокчиёну кормандони аќибгохи Чанги дуввуми чахон ва чанговарони интернатсионалист, - ба миќдори 300 сомонї кўмакпулии якваќтаина супорида шуд. Дар охир толибилмони Коллечи санъати ба номи Ахмад Бобоќулов барномаи хурди консерти, ки сурудхои айёми чангро дар бар мегирифт, бахри иштирокчиёни ЧБВ доир карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарханг хабар доданд.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!