Раиси КАМТ аз макомаш барканор шуд... Раиси кумитаи давлатии амнияти милии ТОчикистон Хайриддин Абдурахимов бо фармони сарвари давлат аз макомаш барканор шуд. Дар ин бора очонсии Азия-плюс бо такя ба сарчашмахои хукумати кишвар иттилоъ доданд. Гуфта мешавад Хайриддин Абдурахимов тули 10 сол сарварии КУмитаи амнияти миллии кишварро бар душ дошт. Хамзамон муовининони Хайриддин Абдурахимов низ аз вазифахояшон озод шуданд. Хайриддин Абдурахимовро дар ин маком САймумин Ятимов ки каблан муовини раиси кумитаи амнияти милли буд, иваз кард. Бархе аз коршиносон бар ин акида хастанд, ки Хайриддин Абдурахимов дар робита ба фирори 25 махбус аз боздошгохи кумитаи амнияти милли, ки шаби 23 август рух дода, то кунун чустучуи онхо натичае надодааст, аз вазифааш озод карда шуд.
