Дар пойтахти кишвар шахсони никобпуш занеро латукуб карданд... Тавре Махмадулло Асадуллоев сардори марказа матбуотии ВКД-и чумхури ба радиои Ватан иттилоъ дод, ба шуъбаи корхои дохилии 1-и нохияи Сино аризаи шахрванд Умарова Шахло Шорамазоновна соли таваллудаш 1979 истиќоматкунандаи. кўчаи Маяковский, хонаи 22, мувакатан бекор, ворид гардид. Дар он чунин навишта бду, ки 23 июли соли чори соати 22.30 ду нафари ниќобпуш вориди хонаи ў шуда ўро дашномхои ќабех додаанд. Дасту по ва дахњонашро бо скоч баста баъдан сарашро тарошиданд. Шахсони никобпуш хамчунин тахдид кардаанд, ки агар хомуш нашинад, таппончаро аз автомашина гирифта ўро мепаронанд. Дуздон баъдан аз хонаи Умарова Шахло 400 сомони ва 1-адад телефони мобили тамѓаи «Нокия-6300»-ро гирифта Шахлоро мачбуран ба мошинашон савор карда лату кўб мекунанд. Пасон уро ба хонаи падару модараш ба ш. Вахдат бурдаанд. Махмадулло Асадуллоев афзуд, ки хангоми гузаронидани чорахои фаврй чустучуи шахрвандони Умаров Рахматулло Шорамазонович соли таваллудаш 1989 бародари чабрдида, истиќимотакунандаи шахри Вахдат, бекор, ва Давлатов Хасан Махмадович соли тавалуддаш 1987 истикоматкуннадаи нохияи Рўдаки, бекор барои даст доштан дар ин чиноят датсгир шуданд. Феълан аз руи ин далел тафтишот идома дорад.
