Нишасти матбуоти дар прокуратураи генерали Макомоти прокуратураи кишвар дар соли 2009 зиёда аз 5300 санчиш гузаронида, 15 400 санади эътиноии прокурори баровварда, 18 547 нафар ба чавобгарии модди, маъмури ва интизоми кашида, 1041 парвандаи чинои огоз намуданд. Ин матлабро имруз дар нишасти матбуоти прокурори генералии ЧТ Бобочон Бобохонов ба хабарнигорони дохили ва хоричи кишвар иттилоъ дод. Аз чумла гуфта шуд, ки дар ин давра ба манфиати бучети давлати 89 686 011 сомони карзхоро дар назди бучети давлати руёниданд, ки андозу бакияпулихо, андозхои пинхоншуда ва камкардашуда, бочу хирочи гумруки , пардохтхои ичтимои, дивиденхои сахми моликияти давлати ва ичорапули аз чумлаи онхо мебошанд. Хамчунин кайд карда шуд, ки дар соли гузашта дар чумхури 6,4% афзуда, аз 11 хазору 658 ба 12 408 адад чиноятхои вобаста ба куштор-11%, рохзани -14%, чиноятхои бо истифода аз яроки оташфишон содиршуда-12,5%, чиноятхои аз чониби гуруххои муташаккил содиршуда 9, 5 маротиба афзудаанд.
