ХНИТ аз хайати шурои чамъияти канор меравад

ХНИТ аз хайати шурои чамъияти канор меравад
3 марта 2010

ХНИТ эълом доштааст, ки аз хайати Шурои чамъияти берун хохад рафт. Мухиддин Кабири раиси ХНИТ дар нишасте ки имруз аз руи наттичахои интихоботи парлумонии 28 феврал, баргузор кард, изхор дошт, ки интихобот гайридемократи ва ношаффоф гузашт. Кабири бар он акида аст, ки ХНИТ беш аз 30 дарсади райъи мардумро сохиб шудааст, вале тибки хисобхои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Точикистон ХНИТ факат 7, 7 фоиз овоз гирифтааст. Дар хамин хол сухангуи Хизби нахзати исломии Точикистон Хикматулло Сайфуллозода иброз дошта, ки изхороти ХНИТ дар марвиди берун шудан аз хайати шурои чамъияти кадами аввалини эътирози ин хизб ба шумор меравад. Ёдрас мешавем, 2 марти соли равон Хангом вохури бо хабарнигорон Мухиддин Кабири раиси ХНИТ аз натичахои интихоботи парлумони изхори нигарони карда, афзуд «дар интихобот такаллубкорихои зиёд ба чашм расид. Мо бо хисобу китобе ки КМИ дар маврди ХНИТ анчом дод, хеч рози нестем». Бояд гуфт Шурои чамъиятии Точикистон мохи апрел соли 1996 дар асоси созишнома дар бораи ризоияти чамъияти ки 9 марти соли 1996 баста шуда буд, таъсис ёфтааст. Ба хайати Шурои чамъияти намояндагони хукумат, хизбхои сиёси, зиёиён, иттиходияхои дини ва созмонхои гайридавлатии Точикистон шомил хастанд. Рохбарии Шурои чамъиятиро сарвари давлат Эмомали Рахмон бар душ дорад.

Наверх Назад

12:10
Каждый день

«Мы желаем счастья Вам»
Звоните нам каждый день и поздравляйте родных и близких Вам людей!