Дар тарабхонаи "Аргили"-и пойтахт сухтор ба вукуъ пайваст. Дар ин бора ба радиои Ватан Кароматулло Абдуллоев корманди маркази матбуотии СХДО-и ВКД-кишвар хабар дод. Номбурда иттилоъ дод, ки сухтор дар масохати 100 метри мураббаъ сар зад. Дар маҳалли ҳодиса 5 мошини оташнишонӣ ба хомуш кардани сухтор машгул буд. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Сабабҳои сухтор то кунун маълум нест. Кароматулло Абдуллоев хамчунин иттилоъ дод, ки кормандони тарабхона оддитарин коидахои бехатари аз сухторро риоя накарда, аз микдори зиёди асбобхои гармидихандаи худсохти барки истифода мекардаанд.
