Садамаи наклиёти дар Хоруг Дар натичаи садамаи наклиёти ки дар шахри Хоруг ба вукуъ пайваст, як нафар халок ва чандин каси дигар чарохат бардоштанд. Аз ВКД-и кишвар ба радиои "Ватан"хабар доданд, ки ходиса дар яке аз кучахои каме дуртар аз фурудгохи Хоруг рух дод. Мошини тамгаи Тайота, ки ба Азам Мингбоев-корманди отряди махсуси таъиноти милисаи махалли тааллук дорад, хангоми харакат ба самти мукобили рох баромада , бо ду тангем , ки дохили онхо якчанд мусофир карор дошт, бархурдааст. Дар натича Пала Завкибекови 14 сола дар чои ходиса ба халокат расида, чанд нафари дигар чарохат бардошт.
