№ 01
Ганчинаи Давлатзода
«Точикистон-хонаи хамаи мо»
Ватанам! Ватани азизи дар дилу дида чо гардидаам. Ту саросар зебою бузург ва яктои мани. Ман намедонам, ки кадоме аз ин бузургихоятро руи авроки ссафед васф намоям. Замини зархезат, боду хавои поку рухнавозат, обхои софу зулолат ва куххои сарбафалаккашидаат.
Точикистон, эй Ватан, эй диёри гул ба доманам, эй диёри кухсорам, эй диёри обшорам. Ман бо ифтихор мегуям, ки Модар-Ватан яктост. Зеро мо аз батни модар руи хоки Ватан афтода, чашм дар канори у кушода, по бар заминаш нихода, худро шинохтаем. Охир хома наметавонад бо як зарбаи хеш хамаи бузургихоятро вас намояд. Ман аз ин хамаи дороият фахр мекунам. Фахр аз он аст, ки Ватани бихиштосо Точикистон дорам.
Харгохе ки нигох ба кухсоронат мекунам, як чахон эхсосот маро фаро мегирад. Хамон куххои сарбафалаккашидаи туст, ки бо гиёххои шифобахши худ давогари тану калби хазорон дардмандон гаштааст. Табиати дилфиребат бо хусну чамоалш касро мафтуну шефтаи худ мегардонад. Диёрам, ту тавлидгари хазорон мардони шучою баруманд хасти. Мардоне, ки дар арсаи чахони номи точику Точикистонро машхур намудаанд. Манам яке аз фарзандони ту, ки дар огуши гарму нармат ба воя мерасам. Хамон солее, ки ту сохибистиклол гашти ман хануз якчанд мох доштам. Он вакт забони гуё надоштам, ки ин рузи саидро бароят муборакбод бигуям. Имрузхо, ки чавони баркамол хар лахзавухар соат таманнои ободии туро мекунам. Он лахзае, ки ин фархундапайгомро шунидам бовариам ба ояндаи неки Ватани азизам дахчанд афзуд. Хурсандиам хадду канор надошт. Аз хурсанди чахон-чахон завкидам, дахон-дахон хандидам, гул-гул шукуфтам, курта-курта гушт гирифтам. Мехостам, ки чун кабутар бол бароварда, фазои Ватани азизамро тай намоям, то осмон бубинам, ки Точикистони азизу ширинам дар ин рузхо чи шакле дорад, чи шафофияте дорад, зебогиаш дар зери парчами истиклолият ва сулху дусти то чи андоза зохир мешавад.
Риштаи пайвади чонам Точикистон,
Хонаи умед бароям Точикистон.
Ман ба чуз ту каблагохе хам надорам,
Куввати ман, пораи дил, хам ба мо чон, Точикистон.
Точикистон, ман ки хамсоли туам, кушиш мекунам, ки илму дониш омухта, сохиби касбу коре гардам ва ба халку миллати хеш манфиате биорам. Талошам бахри он аст, ки карзи фарзандиамро дар наздат адо намоям. Агар ман дар замини зархезат нихолеро насабзонам, агар дили фитодаеро шод нанамоям ва ё неки ба халки худ накунам, манфиате ба Ватани хеш оварда натавонам, пас ман чи гуна фардам?! Бигзор он лахза марг маро гулугир кунаду як гофили ба хобби гафлатзада дар Ватан кам шавад. Агар нихол аз замин кач бируяд хангоми рост карданд мешиканад ва чавоне, ки тарбияи худ надорад, тарбия кардани он амрест махол. Аз ин ру бояд мо дасти китоб бошем ва пайваста бахри гул –гулшукуфоии кишвари азизамон талош варзем. Хаждах сол он кадар муддати тулони нест, аммо дар ин муддати кутох Ватани мо тавонист чи кадар ободу зебо бигардад. Ин хам махсули дасти кист? Махсули дасти халки захматкаши Ватани азиз-Точикистон ва сарвари гамхору адолатпешаамон Эмомали Рахмон аст.
…Механи озодаистиклоли мо озод бод,
Миллати мо то абад пояндаву дилшод бод.
Мисли «Бустон»-у «Гулистон», мисли Фирдавси барин,
Ин чаман шодоб бод, ин халк дар эчод…!
№ 02
Мачидова мехрангез
Нишони ЧТ
Нишони Точикистон,
Китоби боз дорад.
Куххои сар то фалак,
Офтоби нурафшон дорад.
Аз ду тараф гулчамбар,
Гандуму пахта дорад.
Дар миёни гулчамбар,
Байракхои сераха, хошиябанди дорад.
Ин хушахои гандум,
Хаст неъмати фаровон.
Пахтахои шукуфон,
Бойгарии Точикистон.
Дар миёни нишон,
Тасвири точ бошад.
Хафт ситора дурахшон,
Бойгарии Точикистон.
Точикистон
Точикистон, Точикистон,
Ало ай мулки шоирзодаи дунё,
Ало ай мулки модарзодаи дунё
Ту дар байни мулкхо точдор хасти.
Ту хамчун кавкаби дар мехвари дунё.
№ 03
Мачидова Фуруг
Точикистон хонаи умеди мо
Он чо, ки сароб тобад, Ватан аст,
Чун чсашм агар хубоб тобад, Ватан аст.
Хуршед ба дидан гариб аст чу шамъ
Шамъе ки чу офтоб тобад, Ватан аст.
Точикистони азизам 9 сентябри соли 1992 сохибистиклол гардида, ба узви СММ дохил гашт. Аммо мо набояд фаромуш кунем, ки Точикистон на дар чойи холи, балки дар чолйи давлатхои нестшудаи Ватанамон ба вучуд омада, таърихи беш аз дуюнимхазорсола дорад. Махз давлатони точикон буд, ки миллати точик баъди хазор соли бедавлати ба хотири гузаштагони номдори худ, боз сохиби аркони давлатдори гардид. Хануз аз замони салтанати хахоманишихо, ки сардори давлат Куруши кабир буд, точикони эрон мезистанд. Бинобар маълумоти сарчашмахои таърих хануз аз хазорсолаи 111-и пеш аз милод дар чануби гарби Эронзамин давлати Элам вучуд дошт, ки дар катори дигар давлатхои тараккикардаи замони кадим ба мисли Бобул ва Шом меистод.дар асри ХV1 пеш аз милод дар саргахи дарёхои дачла ва Фурот давлате бо номи Митан , дар сари Х11 пеш аз милод дар шимолу гарбии Эронзамин давлати Мина ба вучуд омад. Давраи мушаххаси ташаккулии ачдоди халки точик, ки хазораи якуми то солшумории мо пеш аз хама, дар каламрави аввалин давлати умумиэрони Хахаманишинхо чараён ёфтааст. Дар ин давлат тамоми халкиятхои кадими эрони, ки баъдан дар асоси онхо халки точик ташаккул ёфт, -сугдиён, бохтарихо, тохирихо, хоразмихо, маргониён, портхо, сакоихо ва гайра зиндаги мекарданд. Давлати Хохаманишихо минтакаи хеле васеъ дошт. Ин давлат аз халичи Форс дар чануб, то дарёи Сир дар шимол, дар шакр то Бадахшон ва дар гарб то бахри Хазар ва Шарки наздикро дар бар мегирифт. Куруши Кабир мехост, ки тамоми халкиятхоро мутахид созаду хама мардум бо сулху салох зиндаги кунанд. Давлахои ачдодии мо ин Сугд, Бохтар, Хоразм буданд, ки мардуми Бохтар дар 27 шахри хурд-хурд зиндаги мекарданд. Онхо ба кишти галладона, токпарвари, охангари, заргари, бофандаги ба объёрии сунъи машгул буданд. Дар асри 1V милоди Бохтар аз тарафи Искандари макдуни забт карда шуд ва дар худуди он давлат Юнону Бохтар ба вучуд омад. Тахминан дар як замон бо давлати Бохтар, яъне то аввалхои асри V1 пеш аз милод дар худуди имрузаи осиёи Миёна давлати Сугд вучуд дошт, ки то асри 1Х мелодии побарчо буд. Ин давлат дар хавзахои Зарафшон ва Кашкадарё вокеъ гардида, пойтахташ Мароканд ба шумор мерафт. Шакли давлатдории Сугд конфедеративи буд, яъне Сугд аз иттиходи шахр-давлатхое иборат буд, ки дар атрофии як марказ мутаххид шуда буданд, ба монанди Бухоро, Насаф, Ягноб, Масхо (Мастчохи имруза), Шош (Тошканд), Маргиён (Маргелон), Дизах ва гайра.
Дар мулки дилам набарди мехри Ватан аст,
Бемори манн зи дарди мехри Ватан аст.
Максуди хама талошу чонбозихои манн
Зар кардани карди гарди мехри Ватьан аст.
Ватан девони кисматхо
Ватан эй ёди фархангхо
Ватан сарномаи хасти
Оре Ватан хаст, ки мо дар огуши орому осудаи у таваллуд шуда, хуррамона зиндагони мекунем. Ватан ошёне хаст, ки тамоми точикистониё ба мисли як оилаи нотамоми тифокона умр ба сар мебаранд, ватан укёнусест, ки хар як шахрванди он ба ду баробар аст. Ватан сипар, пуштибон ва паногохи хар як шахс хисоб меёбад.
Ватан дарахтест, ки мо шахрвадон решахои у хастем. Ватан осмонест, ки худ Офтоб ва мо ситорагони доимии у хастем.
Дар хама чо эй ватан, нестам аз ту чудо
Хадяи кимматтарин бахримани аз Худо.
Бале, кимматгар аз Ватан гахваре ёфта мешавад. ? Оё болотар аз мехри Ватан –Модар ягон хисс дигар хаст??? Оё зеботар аз мулки худ мулки дигар ёфт мешавад, албатта на, зеро Ватан санг набошад у оинаи бахти мост. Агар Ватан чуб бошад, сафинаи орзую мухаббати манн аст. Агар Ватан бог бошад, манн беди боги у хастам. Агар Ватан аср бошад манн кучаи уям, зеро чун калон шавам мехри Ватан ишки Ватан, дар дилам ошёни бузург менихад. Бигзор манн гадо бошам , дар даст ассо дошта бошам, бе оила, бедуст бошам, пас бигзор дар хоки Ватан бошам.
Бале мо бе Ватан бе болу парем. Мо бе Ватан гуёбе хуршед, бе табиб, бе кудрат, бемиллат хастем, зеро Ватан хаст, ки булбул бо шолхи дарахт нишаста суруд мехонаду илхоми шоирро меорад, зеро Ватан хаст, ки мо як умр дар он зиндаги мекунем. Дар васфи Точикистонам садхо хазор варак нависам, хам ками мекунад. Дар васфи Точикистонам садхо хазор газал кироат кунам бо хам кам аст, зеро ин табиату мехмрннавоие, ки точикон доранд, шояд хеч касс надорад. Оё инсон умуман бе ватан зиста метавонад? Оё ин инсон аз ин неъмати бузург руй гардонда метавонад.?
Харгиз бурун намеравам аз хоки кишварам
Он сон, ки тарки лона нахохад кунад укоб
Бар ин хавову об, ки манн ху гирифтаам,
Марг аст дилкании дил аз ин хавову об
Он чо, ки хуни ноф рехт-Ватан аст.
№ 04
Шарифбеков Абубакр
Точикистон –чавхари чону тани
Точикистон эй бавхори орзухо дар дил, эй умеди сабзи хушихои зиндагт. Надонам васфи бузургият бок адом тарз баён созам. Ба рости он кадар дустат дорам, ки мехри бепоёнат дар рагу пайвандам чун хун дар гардиш аст. ифтихор аз он дорам, ки чунин зебо Ватан дораму онро ном Точикистон аст. Манн низ хамчун фарзанди ин Ватан, ободиву сарсабзи ва бедории дили олуда аз мухаббати поки механпарастии хар сохибватанро доимо таманно дорам.
Точикистон ин механи мукаддас дар замири мехрпарвараш фарзандони бохирадеро ба камол расонидаву ба олам муаррифи кардааст. Аммо хеч кадом фаромуш накардааст, ки бузургиву шухратро аз бузургии Ватан-модар сазовор гаштаанд.
Точикистон хастии манн аз хастии туст, шукри он дорам, ки ту бароям такягохи, чун кухои устуворат аз ту матонату сабр омухтааму шебу фарозатро бо чону дил пушти сар намудаам. Ба чуз огуши гарми ту макони дигаре гармтару самимитар наёфтам. Ту чун модар бароям мукаддасу ягонайи , аз ин чост, ки бузургию кадру манзалататро баробар ба ин фариштаи зиндаги медонам ва аз харч и бештар дустат медорам.
Сахфахои китоби таърихат басо ибратомуз ва пурмочарову хотирмон аст. корнамоиву пахлавони, кашшофу ихтироогар, сохибхираду фархангпарвар ва химматбаланду сахи будани фарзандони азизат, бузургиву пирузиатро шухраи офок менамуд. Дунёи илму ирфон, хираду маъни харч и бештар васеъ мегаштаму шумораи донишмандони илмдустон ба маротиб боло мерафт. Медонам дар тулии таърихи чанд хазорсолаи мавчудияти ту чи кадар душманони гадор, чи кадар нотавонбинон бар сари ту теги чафо кашиданд, мардуми бофарханг ва тамаддунпарваратро ранчу озор додаанд. Аммо сад шукр, ки фарзандони шучоъ, далеру тахамтани ту чон ба каф гирифта хифзат намуданд. Сари болову ифтихорманди туро пеши кассе хам накардаанд. Ин буд, ки дар печу тоби рохи таърих номат човидон боки монд. Имруз аз сахфахои китоби таърихат дарси мардонаги меомузему хар зарра хоки пурганчатро бо киммати чон пос медорем. Точикистон, дигар набитвонанд душманонат гарди озоре бар рухсори чун гул шукуфонат гузоранду фазои вахдатободатро пур аз абри тираи ноумеди намоянд. Кунун мо сипари бо эътимоди туем.баъди пушти сар ниходани аламхову чабри такдир боз дубора мардуми сарбаланди точик сохибватан гардид. Инак бо шукри бехад, мехри поку самими бар дил ва лутфи самими дар лаб хамагон бахри ободиву шукуфоии механи махбуб сайъю таллош доранду умед аз шухраи олам шунадашро доранд. Точикистон-васфи ту поён надорад. Бо он хама бузурги дар дили кучаки мо чову мехрат хастиамонро фаро гирифтааст. Аз канорат боре берун по нагузоштаам, вале эхсос мекунам, ки бе ту буда наметавонам. Имруз бо такозои замон хаммеханони манн дурр аз кишвари азиз кору фаъолият доранд. Боре дар сухбати яке аз онон, ки ба тозаги аз хоричи кишвар омада буд, хузур доштам. У аз дури Ватан фироку хичрони кашидааш мегуфту саропои маро оташи сузоне фаро мегирифт. Донистам, дарк кардам, ки чи кадар гарон аст барои ононе, ки боа мри такдир дурр аз Ватан меафтанд. Эй кош хамаи ин дурбуданхоро интихо наздиктар бошаду боду хавои мушкбези Механ бори дигар машомашон муаттар созад.
Точикистон курбони он хама озарму озори ту хохам шуд, нушдоруи манн оби чашмахои софу дарёхои равони туст. Бо он хама каму беш, бо он хама будаву нобуда, бо он хама баробару нобаррир аз мани эй ватани махбуб, эй Точикистон-модари ба чон баробари манн.Хар чи дорам аз баракати туст, хар ки хастам бо шарофати туст, бо хар ки сухан бигуям ифтихорам аз туст, хар чизе эчод кунам сархати он номи туст, пас манн кучо тавонам, ки бе ёди ту бошам, бузургият пуштии по занам, аз гузаштагони човидномат ибрат нагирам, чун пайвандони бузургманишат сохибфарханг набошам. Охир манн низ якзарра аз будаи туям ва бо тамоми хасти фидоят шавам. То он лахзае ки калби кучаки манн дар тапиш хаст, хамнафаси ту хохам буд, туро чун гавхараки чашм, чун ганчи бебахо, чун МОДАР нигахбон хохам шуд.
№ 05
Мирзоева Азизахон
Точикистон хонаи умеди мо.
З-ин саодат Сар ба гардунхо барам,
Ватан Сар мешавад аз гахвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ёд дорам, хануз дар богча, бо лахни ширини кудакона дар васфи Ватан шеър Хондам:
Ватан аз дилхо мебарорад гам,
Ватан одамро мекунад одам.
Болу пари касс Ватан мебошад,
Бахтовари касс Ватан мебошад.
Зи ишки Ватан чуш дорад дилам,
Ба харфи Ватан гуш дорад дилам,
Ватанро бинозам маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Бале, номи Ватан дар радифи номи модар барои манн азизу мукаддас аст ва дил мехохад, ки бахри боз хам ободу зебо намудани ин диёри зебоманзар манн хам хиссагузор бошам. Ин хисси зиёди ватандусти буд, ки соли дар озмуни ба муносибати 80 - солагии пойтахти азизамон-Душанбешахр, ки байни хонандагони мактабхои тахсилоти хамагони баргузор гардид, ширкат варзида, бо иншои навиштаамголиби озмун гардидам.
Имруз Точикистони азизи мо сохибистиклол аст. сохибистиклолии худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овардааст. Мувофики моддаи якуми Сарконуни давлат «Точикистон давлати сохибихтиёр, демократии, дуняви ва ягона мебошад».
Точикистон пас аз сохибистиклол гаштанаш ба дастовардхои зиёде ноил гардидааст. Ишоотхои зиёде бунед намудааст. Кушодани Гесхои обию баркии Рогун, Сангтуда-1, Сангтудаи-2 кушодани шохроххои бузург аз дили кух дар ин давра аз сохибистиклолии мо точикон шаходат медихад.
Руз аз руз Моро давлатхои дуне зиёдтар мешиносанд, эътирофу эхтиром менамоянд.
Ин хама дастовардхои бузург бо шарофати марди бохирад, боакл, фарзанди бо нангу бо ори миллат Эмомали Рахмон мебошад. Махз тавассути сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Эмомали Рахмон ин ободию ободкорихо шуда истодаанд.
Баробари фарорасии фасли бахор, вакте, ки табиат мешукуфад, супоришхои шукуфонгардонии давлат низ огоз меёбанд. Аз чумлаи онхо, гузаронидани ярмаркаи фуруши нихолхои мевадихандаю сояфкан, гулхои ороиши ва тухмихо, ки санаи 28-феврали соли чори баргузор гашт ва кабудизоркунии тамоми кучаву хиёбонхои шахрамон мебошад.
Хозир дар Точикистонамон маъракахои нихолшинонию кабудизоркуни давом дорад. Имони комил дорем, ки ин мехнатхо самараи хубе хохад дод.
Точикистони азизи мо сохиби боигарихои зиёди тибби мебошад. Куххои Сар ба фалак кашида хама пур аз боигарианд. Аз куххои мо канданихои фоиданоки зиёде дарёфт намудан мумкин аст, аз кабили: тилло, тиллои хом, нукра, сурма ва гайрахо.
Аз ин боигарихои табиат бояд пурсамар истифода бурд, то ки ин маводхо бо нархи дастрас пешкаши бозори хам милли ва хам байналхалки гардад
